Таърихи коллеҷ

Таърихи коллеҷ

     Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шӯрави аз 29.05.1990, №20-6 (121-18) 2, мактуби Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон №6/31 аз12.02.1990 ва фармони Вазорати нигоҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон аз 24.04.1990, №344 дар филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кулоб бо номи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

     Таълимгоҳ ҳамчун Омӯзишгоҳ ба муддати 24 сол фаолият намудааст. Муассисаи давлатии таълимии Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014, №148 “Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара” номгузорӣ карда шуд.

   Муассиса бо номи “Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара” 5 сол фаъолият намуда аз 02.05.2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №229 “Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” гузаронидани муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара” ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик”” номи муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар ноҳияи Данғараро гирифта то ин ҷониб фаъолият карда истодааст